Шӯрообод: Боздошти боз як нашъаҷаллоби афғон бо 35 кило мухаддир
Дар пайи як амалиёти вижа аз шаҳрванди ҷумҳурии Исломии Афғонистон миқдори зиёди маводи нашъадор забту мусодира гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сари-Чашма мавзеъи Сурхи-Алам, Шаҳобуддин валади Субҳонқули 21- сола сокини вилояти Қундуз, улусволии Эмомсоҳиб, деҳаи Авфурӯш, бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир дастгир карда шуд. Аснои кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори «Бангдона» вазнаш 30 килою 500 грамм ва маводи нашъадори навъи «ҳашиш» вазнаш 5 килою 100 грамм, ҷамъ 35 килою 600 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишоти парвандаи нашъаҷаллоби афғонӣ идома дорад. {jathumbnail off}