Узбакистон дар Женева бори дигар аз хатари НБО-и бузурги Осиёи Марказӣ гуфт
Ҳайати Узбакистон дар ҷаласаи 25-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар Женева идома дорад, бунёди неругоҳҳои барқи обии бузургро дар Осиёи Марказӣ бидуни розигии ҳамаи кишварҳои минтақа амале ғайри қобили қабул хондааст.
Бино ба иттилои торнамои ca-news.org, ҳайати Узбакистон гуфтааст, бояд паёмадҳои экологӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва башарии роҳандозии чунин тарҳҳо амиқ санҷида шавад.
Ҷаласаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон 3 март оғоз шуд ва то 28 моҳи ҷорӣ идома меёбад.
Узбакистон яке аз мухолифони сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун”-и Тоҷикистон ва “Қамарота”-и Қирғизистон шинохта мешавад. Ин кишвар мегӯяд, дар сурати сохтмони ин неругоҳҳо кишварҳои поёноб ба мушкили ҷиддии беобӣ рӯбарӯ мешаванд, иддаое, ки аз ҷониби Душанбеву Бишкек ҳамеша рад шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)