Фарзияи нави гумшавии тайёра бо 239 одам
Ифшои ҷузъиёти нав дар бораи бархе аз мусофирони тайёраи гумшудаи ширкати "Malaysia Airlines" фарзияи навро дар мавриди ҳадафи террористон қарор гирифтани тайёра пеш овардааст.
Ба иттилои ширкати "Malaysia Airlines" чанд нафар аз афроде, ки номашон дар руйхати гумшудагон буд, ба масъулин муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки чанд сол пеш шиносномаҳояшонро дар Таиланд гум карда буданд. Ин иттилоъ, ки бархе аз мусофирон бо ҳуҷҷатҳои бегона савори ҳавопаймо шудаанд, фарзия дар мавриди террорро ба миён овардааст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, телефонҳои мобилии бархе аз мусофирони ҳавопаймои "Malaysia Airlines", ки зиёда аз 48 соат пеш нопадид гашта буд, то ҳол фаъоланд. Наздикони мусофирони гумшуда аз масъулин талаб доранд, ки то тамом шудани нерӯи телефонҳо ба воситаи моҳвора дар куҷо қарор доштани телефонҳоро муайян кунанд. Ба гуфтаи онҳо чанд рӯз аст ба наздиконашон занг мезананд, алоқа ҳаст, вале касе гӯшакро намебаордорад.
Ҳавопаймои Boing-777-200 соати 2:40-и бомдоди 8 март ба вақти маҳаллӣ аз шаҳри Куала-Лумпур --пойтахти Малайзия ба самти Пекин бо 227 мусофир ва 12 корманд парвоз карда, нопадид гардид. Расонаҳои хабарии Чин менависанд, ин ҳавопаймо, ки қарор буд соати 6:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар Пекин фуруд ояд, дар қаламрави Ветнам нопадид шудааст.
Гуфта мешавад, дар дохили Boing-777-200 он шаҳрвандони 14 кишвар, аз ҷумла 151 чинӣ, 38 малайзӣ, 12 нафар аз Индонезия ва ҳафт тан аз Австралия ҳузур доштанд.