Дарвозаи “Далерон-Уротеппа”-ро легионери узбак ҳимоя мекунад
Фарҳод Юлдошев, дарвозабони узбак, ки феълан мақоми “агенти озод”-ро дорад, чанд рӯз мешавад, ки дар ҳайати дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан машқ мекунад.
Юлдашев, ки соли 2010 беҳтарин дарвозабони Тоҷикистон эътироф шуд, ду мавсими ахир дар ҳайати “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ мекард. Ӯ дар гузашта дар тимҳое мисли “Суғдиён” (Ҷизах), “Андиҷон” (Андиҷон), “Динамо” (Самарқанд), “Металлург” (Бекобод), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) ва “Истиқлол” (Душанбе) бозӣ кардааст.
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии “Далерон-Уротеппа” ба торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, ки оянда наздик бо Юлдашев қарордоди ҳамкорӣ хоҳанд баст.