Таҳқиқи куштори духтари синфи 11 дар рӯзи модарон дар Душанбе
Мақомоти пулиси ноҳияи Сино таъйид намуданд, ки 8-уми март, дар рӯзи таҷлили иди модарон дар маҳаллаи 33-и Душанбе як духтар кушта шудааст.
Тавре манбаи "Озодагон" аз Вазорати умури дохилӣ хабар дод, Умеда Раҳимова, хонандаи синфи 11-и мактаби 66-и Душанбе, рӯзи 8-уми март, тақрибан соати 19:30 кушта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ феълан барои таҳқиқи ҳодиса гуруҳи махсуси корӣ ташкил шудааст ва дар бораи ҷузъиёти он дар зудтарин фурсат иттилои бештар дода мешавад.