Парвиз Назаров клипи нави худро муаррифӣ кард (ВИДЕО)
Парвиз Назаров, хонандаи тоҷики муқими Қазоқистон ахиран клипи нави худро бар таронаи русии “Снег” муаррифӣ кард.
Тавре худи Парвиз мегӯяд, матн ва оҳанги тарона ба ӯ таалуқ дорад. Ҳамчунин, кори коргардонӣ, наворбардорӣ ва танзими видеоро низ худаш анҷом додааст. “Дар клип Юнус Фарзанӣ, Анна Устинова, Гесу Назарова ва Даша Герасимова нақш офаридаанд”,-навиштааст Парвиз Назаров дар шарҳи клипи мазкур.
Парвиз Назаров, яке аз пайвандони Далер Назаров, аз маъруфтарин сарояндаҳои тоҷик аст. Ӯ соли 1971 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, дар Душанбе ба воя расидааст. Соли 1987 гуруҳи “Адвокат” ва соли 1989 гуруҳи “Парвин”-ро таъсис дод. Аввалҳои солҳои 90-ум баъди ширкат дар ҷашнвораи “Садои Осиё” ё «Азия Дауысы” муаррифӣ шуда, аз соли 1993 то имрӯз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад.
Парвиз дар қатори хонандаҳои маъруфи Қазоқистон мақом дорад. Клипи таронаи “Светлые дни”-и вай чанд муддат дар садри хит-паради беҳтарин клипҳои Қазоқистон бо номи “Команда KZ” қарор дошт. Дар маҳфилҳои телевизионии шабакаи аввали Русия низ зиёд иштирок мекунад ва тариқи эфири ин телевизион се тарона иҷро кардааст.
“Еду на юг”, “Белые облака”, “Крестная мать”, “Синора”, “Лети”, “Чарх бизан”, “Оре-оре” аз сурудҳои маъруфи Парвиз Назаров маҳсуб мешавад.