Собиқ номзад ба президентии Тоҷикистон дар Рӯдакӣ дафн мешавад
Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон бар асари бемории фишорбаландӣ, баъди як ҳафтаи бистарӣ дар бемористон, дар синни 72-солагӣ аз олам чашм пӯшида, ҷанозааш имрӯз, 10-уми март, дар маҳаллаи Маҳмадшои болои ноҳияи Рӯдакӣ дар назар аст.
Қароқулев унвони академикиро дошта, дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, соҳаи чорводорӣ кор карда, тамоми фаъолияташро ба омӯзиши хусусиятҳои биологӣ ва хоҷагидории чорвои гӯштӣ бахшидааст.
Оқои Қароқулов узви Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон аст. Ӯ қабл аз интихоботи президентии соли 2006 Ҳизби кишоварзиро асос гузошта, дар ҳамин интихобот бо Эмомалӣ Раҳмон барои курсии президентӣ талош варзид, аммо шикаст хӯрд.