Ваъдаи «Siemens» барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Ширкати калони трансмиллии “Сименс” қарор кардааст, дар Тоҷикистон намояндагии доимии худро кушояд ва ба таври густурда дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ иштирок кунад.
Ин нуқта рӯзи 9-уми март дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо узви раёсати ширкати “Сименс” Михаэл Зюс ва мудири Оҷонсии энергетикии Олмон, Штефан Колер таъкид шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот Михаэл Зюс аз ҷумла изҳори омодагӣ кардааст, ки дар навсозии техникию технологии нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои барқии он иштироки фаъол дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ Олмонро аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо номида, изҳори боварӣ намудааст, ки рушди ҳамкорӣ бо он, хусусан дар соҳаи энергетика ва ҷалби технологияи муосир, пурсамар хоҳад буд.
“Сименс” аз бузургтарин консернҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад, ки дар зиёда аз 190 давлати дунё, дар бахшҳои гуногун аз ҷумла электроника фаъолият дорад. Соли 2010 ҳаҷми гардиши ин консерн 76 миллиард евро ва теъдоди кормандонаш 405 ҳазор нафар ҳисоб шудааст.