“Розыск”-и Додоҷони Атовулло аз сӯи Додситонии кулл
Рӯзномаи “Қонун ва ҷомеа”, нашрияи расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо чопи акси Додоҷони Атовулло -- раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” гуфтааст, ӯ бо дархости Додситонии кулли кишвар таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад.
Акс ва маълумоти кӯтоҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи Додоҷони Атовулло дар шумораи 8 (315)-и “Қонун ва ҷомеа”, ки рӯзи 27 феврал аз чоп баромадааст, ҷо дода шудааст. Бино ба навиштаи нашрия, гӯиё ҷаноби Атовулло “барои содир намудани ҷиноят дар асоси қисми дуи моддаи 307 ва 207-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад".
“Қонун ва ҷомеа” дар шарҳи ҳоли Додоҷони Атовулло гуфтааст, ӯ соли 1955 дар рустои Советободи ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст.
Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон мебошад, ки дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад.
Мақомоти Тоҷикистон ӯро борҳо дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам кардаанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоро ба Ватан истирдод намояд. Баъдан, ӯ тобистони соли 2001 дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз шаш рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.