Сафири Украина: “Дар муносибат бо Душанбе тағйироте дар назар нест”
Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон, шоми 7 феврал дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, дар ҳоли ҳозир дар муносибати Киев бо Душанбе тағйироте дар назар нест. Ба қавли ӯ, равобити Украинаву Тоҷикистон дар ҳамон сатҳе хоҳад буд, ки то замони барканории Виктор Янукович қарор дошт.
Аммо сафир дар мавриди таъсири воқеаҳои Украина ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт, “ин сирф эътирози мардуми Украина буд ва ҳоло гуфта наметавонам то куҷо ба кишварҳои дигар таъсир хоҳад гузошт.” Аммо ҷаноби Никитюк гуфт, ин шабу рӯз расонаҳои Русия талош доранд, бо пешниҳоди ахбори, ба қавли ӯ, ғалат ҳақиқати ҳоли воқеаҳои Киевро пинҳон кунанд.
Аз ин рӯ, сафири Украина дар Душанбе аз сокинони Тоҷикистон даъват кард, ахбори воқеӣ дар бораи ҳаводиси ахири кишварашро бештар аз расонаҳои украинӣ пайгирӣ намоянд. Сабаби аслии ба чунин корҳо даст задани Русияро, сафири Украина чунин шарҳ дод: “Маскав намехоҳад нуфузи худро дар кишварҳои пасошӯравӣ аз даст бидиҳад. Яке аз далелҳои ба Қрим часпидани Русия низ маҳз ҳамин аст.”