Ҳизби наҳзат боздошти Фахриддин Зокировро маҳкум кард
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри баёнияе боздошт шудани Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии "Тоҷикистони нав" аз сӯи Оҷонси мубориза бо фасоди молии кишварро маҳкум кардааст.
ҲНИТ боздошти Зокировро "мубориза алайҳи гуногунандешӣ дар кишвар" хонда, гуфтааст, "доираҳои манфиатхоҳ ба боздошти ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва арзишҳои конститутсонӣ дар Тоҷикистон шуруъ кардаанд.” Дар ин баёния омадааст, “Раҳбарияти ҲНИТ равандҳои ахири доираи маълуми ҳукуматиро, ки ба маҳдуд сохтани гуногунандешию озодфикрӣ равона шудаанд, хилофи меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ дониста, онро шадидан маҳкум менамояд.”
Масъулини ҲНИТ мегӯянд, азбаски қазияи боздошти Зайд Саидов ангезаи сиёсӣ дошту дар раванди мурофиаҳои додгоҳӣ чеҳраи аслии доираи манфиъатхоҳу тақаллубкории ҳуқуқиро ошкор кард, мақомоти шарики баҳс ба қасосгирӣ шуруъ кардаанд: “Баъд аз ҳукми ноодилонаи додгоҳ шаҳодат аз он медод, ки мақомоти шарики баҳс дунболи қасос мегарданд.”
Ҳизби наҳзати исломӣ бо зикри ин нукта, ки ҳамеша ҷонибдорӣ аз суботи ҷомеа мебошаду ҳаст, талаб кардааст, ба ин ҳама иқдомҳои бемаънии носуботкунандаи ҷомеа хотима бахшида шавад.