Чатр ва аз 500 то 1000-сомонии Убайдуллоев ба занони фаъол
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар остонаи таҷлил аз “Рӯзи модар” як гуруҳ аз занони фаъоли пойтахтро ба ҳузур пазируфта, ба ҳар кадоме онҳо як даста гулу чатр ва аз 500 то 1000-сомонӣ ҳадя додааст.
Ҷаноби Убайдуллоев ҳангоми суханронии худ дар ин маҳфил, ки рӯзи 7 март баргузор шуд, дар бораи қонуни масъулияти волидон сӯҳбат карда, дар татбиқи он саҳми модаронро бештар арзёбӣ намудааст. Ӯ гуфта, ки “занҳо бо тарбияи насли солиму дорои пеша, риоя кардани танзими расму оин ва роҳ надодан ба исрофкориҳо ва пешрафти шаҳр муваффақтар мегарданд.”
Шаҳрдор илова кардааст, умед дорад, “занони фаъол дар ҷашни 90-солагии пойтахт ва минбаъд низ нерӯ, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии худро ба нафъи ҷомеаи пойтахт равона хоҳанд кард.” Аз ин пеш Убайдуллоев аз буҷаи пойтахт ба занони кӯчарӯб 1 миллиону 65 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо намуда буд.