Иштирокчиёни даври финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон муайян шуданд
Ҳашт дастае, ки ба даври финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд, маълум гардид.
Бино ба иттилои Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, ҳафт клуби лигаи олӣ ва як дастаи двизиони аввал -- “Қанд”-и Конибодом ба даври баъдӣ роҳхат гирифтанд.
Ба гуфтаи номбурда дар гуруҳи “А” дастаҳои “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Истиқлол” ва “Энергетик” (аз Душанбе) ва дар гуруҳи “В” тимҳои “Қанд” (Конибодом), “Хайр” (Ваҳдат) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) бо ҳам рақобат мекунанд. Ба кадом гуруҳ шомил шудани ду намояндаи вилояти Хатлон -- “Равшан”-и Кӯлоб ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ имрӯз, 7 март маълум мегардад.
Даври финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 10 то 19 март дар майдони сунъии варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.