Нигаронии Р.Зоиров аз “ҷанг” алайҳи вакилони мудофеъ
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва роҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон боздошти Фахриддин Зокиров ва иттиҳомот алайҳи Шуҳрат Қудратов, вакилони дифои Зайд Саидовро як навъ “ҷанг”-и мақомот алайҳи ҳомиёни ҳуқуқ ва дигарандешон хонд.
Зоиров дар пайи хабари боздошти Фахриддин Зокиров, баёния паҳн намуда, ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳимояти ин вакили дифоъ даъват намуд.
Зоиров боздошти Зокировро аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод ғаразомез арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки банди 4-и моддаи 247, ки Фахриддин Зокиров аз рӯи он муттаҳам мешавад, на ба салоҳияти Оҷонсӣ балки бештар ба салоҳияти Додситонии кул ворид мешавад.
Бо зикри ин Зоиров боздошти Фахриддин Зокировро фармоишӣ хонда, аз ҳомиёни ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносон хост, нисбати қазия бетараф набошанд.