Боздошт ва парокандасозии кӯдакони тазоҳургар дар Қазоқистон
Кормандони пулиси шаҳри Остона гирдиҳамоии як гуруҳи наврасони қазоқро, ки дар эътироз ба қарори шаҳрдорӣ баргузор гардид, пароканда ва тазоҳургаронро боздошт кардаанд.
Расонаҳои хабарии Қазоқистон сабаби аслии даст ба эътироз задани наврасонро қарори ахири шаҳрдори Остона арзёбӣ мекунанд, ки бар асоси он афроди оилаи онҳо бояд, аз манозили зисташон берун карда шавад.
Яке аз ин наврасон, ки аз худ Султан Аҷанов ном мегирад, мегӯяд, мақомот онҳоро фиреб карда, аз хонаҳои худ берун мекунад. Аксари наврасони гирдомада дар тан шиорҳое баста буданд, ки навишта шудааст, “Ба мо сарпаноҳ лозим аст!” Ба иттилои манбаъ, беш аз 30 навраси қазоқ дар пайи ин гирдиҳамоӣ боздошт шудааст.