Боздошти Чолов барои даъвати ҷавонони Кӯлоб ба зидди ҳукумат
Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти Давлат Чолов, яке аз бародарони Чоловҳо хабар доданд, ки дар даъвати ҷавонони Кӯлоб ба муқобилияти мусаллаҳона зидди ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ Чолов, ки охирҳои феврал боздошт шудааст, баъди бозгашташ аз Миср ният доштааст, бо ҷалби гуруҳи ҷавонон барои муборизаи мусаллаҳона озими Сурия шавад.
Давлат Чолов аз хонаводаи маъруфи Чоловҳои шаҳри Кӯлоб аст, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз сернуфузтаринҳо маҳсуб меёфтанд. Чоловҳо-даҳ бародарон, аз ҷумлаи қумандонҳоеянд, ки баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул шудаанд ва баъдан чанд нафари онҳо бо иттиҳомҳои гуногун пушти панҷара рафтанд.
Айни ҳол аз дороии нисбатан назарраси Чоловҳо дар Душанбе, маркази тиҷоратии Панҷшер арзёбӣ мешавад, ки дар бозори Саховат ҷойгир аст.