Акбари Саттор ба ҳайси нозир дар интихоботи парлумонии Қазоқистон ширкат меварзад
Як намояндаи КМИР-и Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Қазоқистон назора хоҳад кард.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ин комиссия иттилоъ доданд, сармутахассиси КМИР, ҳамзамон райиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов ба ҳайси нозир аз ҷумҳурии мо баргузида шудаст ва шоми имрӯз озими Остона мегардад.
Ёдрас менамоем, интихоботи парлумони Қазоқистон 19 августи соли 2011 баргузор гардида, алҳол тибқи гузоришҳои КМИР-и Қазоқистон 56 намоянда барои рақобат ба курсии вакили сенати ин кишвар номнавис шудааст. Гуфтанист, ба сенати Қазоқистон 32 вакил аз 16 минтақаи ин кишвар ба мӯҳлати 6 сол интихоб гардида, 15 вакили дигарро президент таъин менамояд. Дар маҷмӯъ сенати Қазоқистон аз 47 вакил иборат аст.{jathumbnail off}