Ҳукми ду моҳ дар ҳабс мондани Фахриддин Зокиров
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаби 7 март ба боздошт ва нигоҳдории Фахриддин Зокиров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, то ду моҳи оянда дар ҳабс иҷоза додааст. Додрас Акрамов ҳангоми қироати қарори худ гуфтааст, дар тӯли ду моҳе, ки Зокиров дар боздошт ба сар мебарад, бояд парвандаи ӯ таҳқиқ шавад.
Ин вакили мудофеъ шаби гузашта аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуда, алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд.
Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри баёнияе Шӯҳрат Қудратов, яке аз дигар вакилони мудофеи Зайд Саидовро, дар нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ ва бархӯрдани “Мерседес”-аш ба ду мошинаи дигар муттаҳам кард. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, рӯзи 27 феврали соли ҷорӣ Қудратов дар пайи бархӯрдани мошинаш ба ҷои ҷуброни зарар муносибати дағалона карда, “аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”. Аммо Шӯҳрат Қудратов дар суҳбат бо "Озодагон" иттиҳомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ғаразомез хонда, гуфт, воқеан ҳам рӯзи 27 феврал бо иштироки ӯ садамаи нақлиётӣ бо ду мошини дигар- “Опел” ва автомашинаи “КИА” рух додааст ва дар бархӯрд бо “Опел” худро гунаҳкор меҳисобад.
Исҳоқ Табаров ва Шуҳрат Қудратов, вакилони дифои Зайд Саидов, рӯзи 7 март бо пахши як изҳорот боздошти ҳамкорашон, Фахриддин Зокировро иқдоми махсус роҳандозишудаи Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон хонданд. Онҳо дар изҳороти худ гуфтаанд, “гӯиё Фахриддин Зокиров тариқи қалобӣ аз баргардонидани қисме аз маблағҳои аз бонк гирифтаи корхонаашон саркашӣ карда бошад. Зимнан, амалиёти тиҷоратии чанд сол пеш анҷомдодашудае дар назар аст, ки ҳатто санҷиши мақомоти марбута аз ҷумла худи ҳамон Агентӣ қаблан собит намудааст, ки асари ҷиноят дар он умуман мушоҳида намешавад.”
Дар ҳамин ҳол, вакилони Зайд Саидов дар хитоб ба Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқ, ҳукумату парлумони мамолики дунё, сафорату намояндагиҳои кишварҳои хориҷа хостаанд, ба қазияи Зайд Саидов, ба вазъи ногувори вакилони дифоъ, аз ҷумла ба тақдири Фахриддин Зокиров, бахусус бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таваҷҷуҳ бикунанд, зеро дар кишвар ҳуқуқу озодиҳои саросари мардум дар хатар аст.