Ваҳҳоб Воҳидов: "Исфара ва Бодканд минтақаи озод эълон шаванд"
Вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон роҳҳали қазияи Исфара ва Бодкандро дар минтақаи озод эълон кардани ин қаламрав медонад.
Профессор Ваҳоб Воҳидов зимни суҳбат дар як маҳфил бо хабарнигорони ҷавон гуфт, ба хотири печида ва мушкил нашудани қазияи миёни тоҷикону қирғизҳо ин минтақа бояд қаламрави озод эълон шуда, дар омаду рафти сокинон мушкиле эҷод нашавад: “Аз Русия ё ягон кишвари дигари беғараз ҳудуди 100 низомӣ онро пайваста назорат баранд. Як комиссия таъсис шуда онҷо бояд кор кунад. Мисли пештара тоҷикону қирғизҳо дӯсту бародар мондан мегиранд. Масалан, ба низомиён рӯихат пешниҳод мешавад, ки фардо 100 нафар тоҷикон ба туйи қирғизҳо мераванд ё баръакс”.
Ба иддаои вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон кишвари мо чунин як таҷрибаро аллакай дорад: “Дар солҳои 1925 вақте ҷумҳурии автономии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон ташкил шуд, бо хоҳиши мардум Исфара, Конибодом ва Ашт аз Қуқанду Фарғона ба Тоҷикистон гузашт. Чанд сол ин ноҳияҳо ҳамчун минтақаи озоди Осиёи Марказӣ буданд”.
Ба гуфтаи ҷаноби Воҳидов, низоъ миёни сокинони манотиқи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар замони Шӯравӣ ҳам ба вуқӯъ мепайваст: “Соли 1988 ҳам дар он минтақа ҷанҷол шуда буд. Ҳатто кор ба занозанӣ ва куштор ҳам расид. Ман он вақт дар Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон кор мекардам ва раҳбарии ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистонро бар душ доштам. Котиби дуюм Кумитаи марказии КПСС моро ба шаҳри Уш даъват кард. Вай гуфт, аз ҳамин рӯз гап якто. Дар куҷое, ки аҳолӣ зиндагонӣ мекунад, паси вай замини ҳамон мамлакат. Дигар ҳеч кор карда нашуд”.
Низоъ дар марзи ду кишвар дар пайи як тирпаронӣ миёни сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз дар зуҳри 11 январи соли 2014 рух дод, ки аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Дар пайи ин қазия намояндаҳои Тоҷикистону Қирғизистон чанд маротиба бо ҳам дидор доштанд. Охирин бор, музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон 3 март дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Тавре хабар доданд, ҷонибҳо масоили марбут ба сохтмони роҳ, истифодаи роҳҳои мошингарди наздимарзӣ, тарҳи Созишнома дар бораи бунёди якҷояи ду пул ва роҳҳои назди онҳо, зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ба анҷом расонидани ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ, мақомоти умури дохилӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия доир ба посдории сулҳ ва таъмини суботу тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлатро ба баррасӣ гирифтаанд.
Интизор меравад, даври навбатии музокирот охири моҳи марти соли равон баргузор шавад.