Замини наздиҳавлигӣ ба 22 журналист дар Рӯзи матбуот
Рӯзи 6 март шаҳрдори Хуҷанд қарореро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он ба 22 журналист дар Рӯзи матбуот қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода мешавад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, заминҳои наздиҳавлигӣ ба теъдоде аз журналистон, аз ҷумла, Додохони Эгамзод – сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», Толиби Озарахш – мухбири рўзномаи «Адабиёт ва санъат», Неъмати Оташ – сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд», Маъсуми Муҳаммадраҷаб – хабарнигори Радиои Озодӣ, Мухтори Абдулло – мухбири рӯзномаи “Садои мардум”, Аъзам Мақсудов – сармуҳаррири ҳафтаномаи «Сухани халқ» ва ба монанди инҳо, дода хоҳад шуд.
“Маросими қуръапартоӣ барои гирифтани замин дар арафаи Рўзи матбуоти тоҷик сурат мегирад ва дар назар аст, ки дар он раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ низ иштирок намояд”,- афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нахустин мулоқоти худ бо рӯзноманигорон ваъда дода буд, барои ҳавасманд намудан ва дастгирии журналистони эҳтиёҷманд аз маркази маъмурии вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад.