Шаҳрванди Олмон аз Қазоқистон паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст
Шаҳрванди Олмон, ки дар нақзи қоидаи будубоши хориҷиён дар Қазоқистон муттаҳам мешавад, аз додгоҳи Костаная паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст.
Бино ба иттилои Tengrinews.kz, ин шаҳрванди Олмон муҳлати қайди муваққатиро тамдид накарда, дар муҳлати муқараргардида аз қаламрави Қазоқистон берун нашудааст. Гуфта мешавад, муҳлати будубоши ӯ ҳанӯз 8 ноябри соли 2011 тамом шуда будааст. Жауказин Мухтор, сухангӯи додгоҳи маъмурии Костаная гуфтааст, "зимни ҷаласаи судӣ шаҳрванди Олмон гуноҳашро иқрор накарда, гуфт, шаҳрванди собиқи Қазоқистон аст, ки бо оилааш ба Олмон рафт. Дар ҳоли ҳозир вай паноҳгоҳи сиёсӣ ва шаҳрвандии Қазоқистонро мехоҳад”.
Ин мард гуфта, ки ба Олмон баргаштан намехоҳад, зеро “аз чизе ҳарос дорад”. "Сабабҳои аслии ин дархосташ норӯшан аст. Аммо оилаи вай дар Олмон ба сар мебарад”,-илова кардааст Жауказин Мухтор.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир вай дар манзили волидонаш дар Костаная зиндагӣ карда, дар ҳеч куҷо кор намекунад.
Барои нақзи қавоиди будубош додгоҳ ӯро ба як шабонарӯз ҳабс карда, аризааш дар мавриди паноҳгоҳи сиёсӣ алъон баррасӣ нашудааст.