Мамитов: Танҳо бо хоҳиши Чин чанд мошинро ба Тоҷикистон роҳ додем
Тоқон Мамитов, муовини нахуствазири Қирғизистон дар суҳбат бо “Озодагон” ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро рад кард.
Вай таъкид намуд, ки рӯзи 6-уми март бо дархости Чин Бишкек иҷозат дод, ки танҳо чанд мошини борбар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро убур намоянд. Мамитов афзуд, феълан гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон баста мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, 6-уми март як қатор мошинҳои ҳомили бор гузаргоҳҳои марзӣ бо Қирғизистонро убур кардаанд, ки нахустин рафтуомади марзӣ баъди тирпарронии 11-уми январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз мебошад. Бишкек баъди ин тирпарронӣ марз бо Тоҷикистонро баст, ки дар натиҷа аз ду ҷониб мошинҳои зиёд дармондаанд.
Манбаи "Озодагон" дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид намуд, ки маҳдудиятҳо зимни ҳаракат дар марз бо Қирғизистон ҳамоно боқӣ мондаанд ва замони лағви пурраи монеагузориҳои Бишкек барои рафтуомади марзӣ бо Тоҷикистон дақиқ нест.
Ахиран Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни як суҳбаташ иброз намуда буд, ки аз бастани роҳ бештар худи қирғизҳо зарар мебинанд, чун бештар шаҳрвандони ин кишвар ба ҳамлу нақли бор тариқи марзи Тоҷикистону Қирғизистон машғул мебошанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)