Иқтибоси Кабирӣ аз гуфтаҳои Ленин дар бораи инқилоб
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз суханони Ленин иқтибос оварда мегӯяд, заминаи инқилоб замоне пайдо мешавад, ки дигар ҳукуматҳо қудрати идора ва ислоҳи худро надоранд.
Раиси ҲНИТ рӯзи 5 март дар суҳбат бо фаъолони ҳизбаш дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гуфтааст, “Ленин дар бораи омилҳои инқилоб гуфта буд, “когда верхи не могут управлять по прежнему, а народ не хочет жить по старому, создается перед революционная ситуация.” Муҳиддин Кабирӣ таъкид кардааст, танҳо роҳи берун рафтан аз ҳолатҳои пешазинқилобӣ ва ҳифзи суботу оромии кишвар сари мизи гуфтушунид нишастани ҳукумат бо мухолифин аст: “Ин ҳолатро танҳо бо гуфтугӯ мешавад, ислоҳ кард.”
Раиси ҲНИТ муносибати сарди Ҳизби ҳокими халқӣ – демократии кишвар (ҲХДТ) бо аҳзоби мухолифро дар таҷрибаи оппозитсионӣ надоштани он рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, “коммунистҳо, ки тӯли 70 сол ҳукумат доштанд, ҳоло дар сафи мухолифин қарор дошта, камбуди худро нав эҳсос кардаанд. Инсон вақте сари қудрат аст, нигоҳаш дигар аст, аммо чун аз қудрат меравад, баъд дарк менамояд, ки дунё дигар будааст. Бигзор, ҲХДТ ҳам таҷрибаи оппозитсия буданро бичашад, ки оппозитсия будан, яъне чӣ.”
Муҳиддин Кабирӣ дар идома аъзои ҳизби худро ба хештандорию хушбинӣ даъват карда гуфтааст, то ҳадди имкон таҳаммулпазир бошанд: “Мо набояд, нисбат ба ҳама раванд бо назари манфӣ нигарем. Вазифаи оппозитсия ислоҳ кардану роҳ нишон додан аст, бинобар ин бояд талош намоем, ки хушбин бошем. Агар камбудиро 100 дидем, 50 бигӯем ва агар некиро 50 дидем, 100 бигӯем. То лаҳзаи гузаштани кор аз кор бояд хамӯш буд.”
Кабирӣ аз ҳукуматҳои саркашу худкома мисол оварда гуфтааст, “замоне Муааммар Қаззофӣ, раисиҷумҳури пешини Либия сари қудрат буд, мегуфт, ҳар кас маро танқид мекунад мушест, ки як умр дар таҳхона зиндагӣ кардаасту ӯро дар ҳамон таҳхона саркӯб хоҳам кард. Вале бо тақдири илоҳӣ худаш дар таҳхона кушта шуд.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)