Истирдоди писари сеюми Қаззофӣ аз Нигерия ба ватан
Мақомоти Нигерия Соидӣ Қаззофӣ, писари раисиҷумҳури барканоршудаи Либияро ба масъулини кишвараш таслим кардаанд.
Алӣ Зайдон, нахуствазири Либия рӯзи 6 март дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст “Мақомоти кишвараш имрӯз барои ба ватан бозпас овардани писари Муаммар Қаззофӣ муваффақ шуда, ҳоло ӯ дар шаҳри Троблус нигаҳдорӣ мешавад.”
Соидӣ Қаззофӣ аз соли 2011 ба ин сӯ дар пайгарди қонунии байналмилал ё интерпол қарор дошта, ӯ моҳи августи худи ҳамин сол дар пайи суқути ҳукумати 42-солаи падараш кишварро тарк карда буд. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ин писари Муаамар Қазофӣ, ки дар гузашта ҳамчун тоҷир ва футболбоз шуҳрат дошт, дар қатли бозингари яке аз тимҳои футболи кишвараш муттаҳам мешавад.
Соидӣ, ки 41 сол дорад, фарзанди сеюми Муаммар Қаззофӣ буда, бародари бузурги ӯ – Сайфулислом низ, ки дар амалҳои зидди инсонӣ муттаҳам мешавад, моҳи августи соли 2011 дар Либия боздошт ва ҳоло баҳсҳои додгоҳӣ алайҳи ӯ идома дорад.