АНМН мегӯяд, дар Душанбе як нуқтаи фурӯши маводи мухаддирро барҳам додааст
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта, дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт нуқтаи фурӯши маводи нашъадорро барҳам додаанд.
Бино ба иттилои торнамои ин ниҳод, “зимни гузаронидани чорабинии фаврвӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ ду сокини пойтахт – А.А.-и 40-сола ва Н.С.-и 35-соларо боздошт намуданд, ки ба паҳн намудани маводи нашъаовар машғул буданд”.
Манбаъ менависад, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо дар ҳаҷми зиёд афюн ёфт ва мусодира шудааст. “Тавре тафтиши пешакӣ нишон дод, боздоштшудаҳо инчунин ба истеъмоли афюн одат кардаанд. Яке аз онҳо, Н.С. дар қайди диспансери наркологӣ қарор дошт. Шӯъбаи тафтишоти агентӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад”.