Владимир Путин муддаии Ҷоизаи Сулҳи Нобел
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои дарёфти Ҷоизаи Сулҳи Нобел пешниҳод шудааст. Дар ин бора Гейр Лундестад, раҳбаи Институти Нобел дар Осло хабар додааст.
Ба иттилои торнамои ИТАР-ТАСС, соли равон барои ҷоизаи сулҳи Нобел теъдоди рекордии муддаиён талош мекунанд. Феҳрасти довталабон аз 278 нафар иборат аст, ки миёнашон сиёсатмадорон, фаъолони ҷамъиятӣ ва созмонҳо ҳастанд.
Ба иттилои манбаъ, номзадии Владимир Путинро Академияи байналмилалии ваҳдати ботинӣ ва ҳамкорӣ пешниҳод кардааст. Георгий Трапезников, раҳбари ин академия аз “нақши сулҳофар”-ии Путин дар Беслон ва Осетияи Ҷанубӣ ёдрас кардааст.
Соли 2009 ҷоизаи сулҳи Нобел ба Барака Обама дода шуд. Соли 2012 ин ҷоиза ба Иттиҳодияи Аврупо ва соли сипаришуда онро ба созмони Манъи истифодаи аслиҳаи кимиёӣ супурданд.
Исми барандаи ҷоизаи сулҳи Нобелро Кумитаи Нобел 12 октябр эълон мекунад.