Тоҷикистон дар “ITB Berlin-2014”
Имрӯз, 5 март дар шаҳри Берлин, пойтахти ҷумҳурии федеролии Олмон чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (ITB Berlin) ба кори худ оғоз кард.
Тоҷикистон ҳам дар қатори намояндаҳои беш аз 188 кишвари ҷаҳон иштирокчии ин намоишгоҳ аст.
Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB Berlin” як навъ макони асосии ба фурӯш баровардани маҳсулоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҷаҳонии туристии назди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, намояндаҳои Тоҷикистон соли ҳафтум аст, ки дар он ширкат меварзанд.
Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мегӯяд, дар доираи баргузории намоишгоҳ, мулоқоти вазирони туризми кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор гардида, Конгресси калонтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон, ки аз соли 2004 якҷо бо “ITB Berlin” роҳандозӣ мешавад, доир мегардад.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ, ки то 10 март идома меёбад, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ раҳбарӣ мекунад.