Як гурӯҳи бузурги ҷавононро аз ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор ба доми фиреб кашидаанд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», онҳоро як ташкилоти байналмиллалӣ тайи 3-моҳи расо кор фармудааст, аммо бо сабабҳои номаълум ҳаққулзаҳамати эшонро напардохтааст. Муқаддас Бобохонов, як сокини рустои Бобосафоли поёни ҳамин ҷамоат мегӯяд, ҳанӯз аввали сол намондагони як ташкилоти хориҷӣ бо номи «Евросоюз» дар якҷоягӣ бо намояндагони хоҷагии оби ноҳия омада, бо сокинони маҳаллӣ дар мавриди тоза ва барқароркунии ҷӯйбору обпартои хоҷагиҳо шартнома ба имзо расонданд. Беш аз 20-нафар аз мардуми бумӣ ба кор фарогир шуда, дар маҷмуъ зиёда аз 10.000-метри мукааб ҷӯйбору ариқ кандаву тоза кардаанд. Мутобиқи шартнома, барои тоза кардани 1-метри мукааб ҷӯйбор 17-сомониву 40-дирам маблағ ҷудо гашта буд. Вале корфармо баъди ба итмом расонидани кор, якбора ғайб задаст.
Бино ба иттилои коргарон, корфармо бо миёнаравии як намояндаи хоҷагии об бо исми Маҳмадшоҳ бо эшон шартнома бастааст. Ҷаноби Маҳмадшоҳ дар навбати худ ба коргарон гуфтааст, ки ҳамин ташкилоти ба истилоҳ «Евросоюз» дар ҳамкорӣ бо ҳукумати вилояти Хатлон будаву аз он ҷониб ба ноҳияи Фархор барои кӯмаки кишоварзон фиристонида шуда буд. Барои маоши коргарон шахсан ӯ ба ҳукумати вилоят мактуби шикоятӣ нависондааст, вале то ҳанӯз беҷавоб мондааст. Ахиран, ин ташкилоти хориҷӣ, ки намояндагонаш усулан шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ғайб задаасту мардуми бечора барои гирифтани ҳаққи корашон намедонанд ба кӣ шикоят баранд.{jathumbnail off}