Раҳбарияти тақрибан тамоми кишварҳои Осиёи Миёна то ҷое муносибаташонро ба ҳаводиси ахири Украина баён доштанд. Вале Душанбе дар ин масъала ҳамоно сукутро ихтиёр кардааст. Ахиран Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, аз сарнагун кардани ҳукумати Виктор Янукович ҳимоят кард ва аммо Тошканду Остона нигаронияшонро аз чунин амалкард баён доштанд. “Озодагон” далели хомӯшии мақомоти Тоҷикистонро дар мавриди ҳаводиси Киев аз коршиносон пурсид:
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос:
“Феълан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар дуроҳа қарор дорад. Аз як тараф намехоҳанд, Русияро ранҷонанд ва аз тарафи дигар намехоҳанд, муносибатшон бо кишварҳои Ғарб осеб бинад. Зиёда аз ин, намехоҳанд барои густариши равандҳои ҷудоихоҳӣ дар кишвар мусоидат кунанд. Дар баробари ин, Русия қаламрави кишвари дигарро аз худ кардааст ва дар ҳамин ҳол кишварҳои ҳамсоя дарк кардаанд, ки чунин ҳолат метавонад бо онҳо низ рух диҳад. Бинобар ин, хомӯширо ихтиёр кардаанд.”
Зафар АБДУЛЛОЕВ, мудири маркази “Контент”:
“Ҳаводиси Украина хеле босуръат ва дар шакли ғайриодӣ барои кишварҳои собиқ Шӯравӣ сурат мегирад ва дар ҳамин ҳол сукут беҳтарин аст. Бешубҳа, дар ҳаводиси Украина аксари қудратдорони кишварҳои ИДМ (СНГ) барои худ хатарро мебинанд, аммо аз ҷониби дигар чунин хатар аз тарафи Кремл низ бармеояд ва Маскав онро нишон дод. Дар маҷмуъ, феълан кашокаш миёни абарқудратон-Амрико, Русия ва Иттиҳоди Аврупо ҷараён дорад ва дар чунин ҳол ба баромади кишварҳои кӯчак ниёз нест. Ин аст, ки бисёри кишварҳо хомӯширо ихтиёр кардаанд ва ҳатто Қазоқистону Белорусия низ хеле эҳтиёткорона баромад карданд. Корҳои ахири Русия дар Украина мафҳумҳои ИДМ, Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди Авруосиёро ба сифр баробар намуд ва фаъолияти минбаъдаи ҳукуматҳои кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз андозаи тарсашон дар назди Кремл вобастагӣ дорад.”