Писари раиси ҲХДТ дар Мастчоҳ барои “бадахлоқӣ” боздошт шудааст
Муллоҳасан Ниёзов, писари раиси дафтари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, ба иттиҳоми бадахлоқӣ боздошт шудааст.
Ба навиштаи торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ниёзов пайваста тариқи тиреза ба дохили мактаби миёнаи рақами 1-и Мастчоҳ ворид шуда, нисбат ба духтарони донишомӯз дар девору синфхонаҳо ҳаргуна ҳарфҳои таҳқиру дашномомез менавиштааст. Дар ҳамин ҳол, масъулини Шуъбаи умури дохилии Мастчоҳ хабари боздошт шудани писари 17-солаи Тоҷиддин Ниёзов, раиси дафтари ҲХДТ дар минтақаро таъйид карда, гуфтаанд, ҳоло тафтишот идома дорад.
Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ низ дар шарҳи ин хабар гуфтаааст, қазияи “бадахлоқӣ”-и писари раиси дафтари ин ҳизб дар Мастчоҳ ҳатман мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар сурати ҳақиқат доштани он, Ниёзовро ҷазо, аз ҷумла истеъфо таҳдид мекунад.
Хусрав Ҳусейнов, писари дарбони мактаби миёнаи рақами 1 ин қазияро шарҳ дода, гуфтааст, ҳудуди 4 моҳ пайваста тирезаҳои мактаб аз сӯи нафари номаълум шикаста шуда, дар деворҳои синфхонаҳо бо рангҳои махсус нисбати духтарони донишомӯз ҳарфҳои таҳқиромез навишта мешуд. Баъд аз таҳқиқи якҳафтаина маълум гардидааст, ки ин нафар Муллоҳасан Ниёзов будааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)