Боздошти масъули соҳаи мобилии Тоҷикистон барои сирқати пул
Раёсати бозҷӯии ҷиноии ҷумҳурии Ёқутистон (Якутия)-и Русия як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистонро боздошт намудааст, ки бо дархости Душанбе таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст.
Бар асоси иттилоияи мақомоти умури дохилии Ёқутистон, ин шаҳрванд, ки дар гузашта яке аз масъулини соҳаи мобилӣ дар Тоҷикистон будааст, бо иттиҳоми қаллобӣ аз соли 2011 инҷониб дар пайгарди байналмилалӣ буд. “Ин шаҳрванд дар яке аз ширкатҳои мобилӣ кор карда, ба сирқат (дуздӣ)-и маблағ дар ҳаҷми калон даст задааст ва баъдан аз Тоҷикистон фирор намудааст”,-омадааст дар ин иттилоия.
Мақомоти Ёқутистон мегӯянд, фарди боздоштшуда тариқи автомобил ба ин ҷумҳурӣ омадааст ва феълан масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)