ВИДЕО: Ҷоизаи Мишел, ҳамсари Обама, ба рақиби Эмомалӣ Раҳмон
Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама -- раисиҷумҳури Амрико рӯзи чоруми март ба Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Дурнамо+” ва номзади нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли гузашта, ҷоизаи “Шуҷоати зан”-и Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаро тақдим кард.
Ин ҷоиза соли 2007, замоне ки Кандализа Райс вазири умури хориҷии Амрико буд, таъсис шуда, имсол дар қатори Бобоназарова нӯҳ зани дигари фаъоли ҷаҳон аз Украинаву Ҳиндустон ва... Афғонистон низ чунин ҷоизаро соҳибӣ намуданд.
Маросими тақдими ин 10 ҷоиза барои занони шуҷоъ дар Вашингтон сурат гирифт, ки Ойниҳол Бобоназарова низ дар он ҷо ҳузур дошт. Наздикони ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, Бобоназарова феълан дар Амрикост ва рӯзи шанбе ба Тоҷикистон бармегардад. Онҳо аз тақдими ҷоиза ба раҳбари созмони “Дурнамо+” изҳори хушнудӣ карда, барои қадрдонияш аз Мишел Обама изҳори сипос намуданд. “Бобоназарова бо даъвати мақомоти амрикоӣ ба Вашингтон рафта буд ва баъд аз тақдими ҷоиза боз ба Ватан бармегардад”,-гуфтанд наздиконаш.
Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи соли гузаштаи президентии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократ ва афроди саршиносу баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ шомили он буданд, вориди сабқат шуда, рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд. Вале ба далели гӯиё ҷамъ наовардани 210 ҳазор имзои зарурӣ аз тарафи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз бозӣ хориҷ шуд.
Дар торнамои Вазорати умури хориҷии Амрико навишта шудааст, ки Ойниҳол Бобоназарова аз соли 1997, баъд аз анҷоми ҷанги дохилӣ, то ҳоло аз ҳуқуқи занон ҳимоят карда, пайваста аз шиканҷа дар зиндонҳо ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд.
Хонум Бобоназарова дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.
Номи даҳ барандаи ҷоизаи "Шуҷоати зан" дар соли 2014:
Насрин Оряхил, мудири таваллудхонаи “Малалай” дар Кобул (Афғонистон);
Рошика Део, ҳомии ҳуқуқи занон ва фаъоли сиёсӣ (Фиҷи);
Русудан Готсиридзе, усқуфи калисои евангилии баптистии Гурҷистон (Гурҷистон);
Ясмин Барриос Агуилар, президенти трибунал - додгоҳи олӣ (Гватемала);
Лакшмӣ, ҳаракатчии “Манъи ҳамла бо кислота” (Ҳиндустон);
Фатимата Туре, фаъоли ҷамъиятӣ ва мудири иҷрокунанда (Малӣ);
Маҳа Ал-Муниф, асосгузор ва мудири иҷрокунандаи барномаи миллии бехатарии оила (Арабистони Саудӣ);
Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии “Дурнамо+” (Тоҷикистон);
Руслана Лижичко, фидоии Евромайдон ва сарояндаи халқии Украин (Украина);
Биатрис Мтетва, ҳомии ҳуқуқи башар (Зимбабве) Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)