Изҳороти сафири Русия дар Душанбе дар мавриди воқеаҳои Киев
“Мутмаинам, ҳодисаҳои Украинаро, ки бо айби ҳукуматаш ба вуқӯъ пайвастааст, дар Тоҷикистон ба хубӣ дарк мекунанд. Мардуми Тоҷикистон таҷруба дорад ва медонад, ки оқибати ба сари қудрат омадани ҳукумати радикал чист”,-гуфтааст Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар изҳороташ дар робита ба ҳодисаҳои ахири Украина.
Ҷаноби Фролов рӯзи 4 март аз ҳодисаҳои охири Киев изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, дар натиҷаи амалиёти хушунатбор гуруҳҳои радикал дар Украина ба сари қудрат омадаанд. “Русия ба оромӣ ва суботи Украина манфиатдор аст. Мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани субот дар Украина ҳастем”,-таъкид кардааст ӯ.
Сафаири Русия дар Тоҷикистон илова кардааст, “мо наметавонем, дар робита ба ҳаводиси Украина бетараф бошем. Ин мавҷи беҳуқуқӣ дар қисми ҷанубу ғарби Украина ва Қрим идома дорад, ки онҷо бештари аҳолӣ русзабон ҳастанд. Ҳукумати Қрим аз ҳукумати Русия дархости кумак кард. Дар ин вазъият мо маҷбур ҳастем, то чораҳои зарурӣ андешем.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)