Ҳукумати Қирғизистон иддао дорад, ки тоҷикон роҳҳоро аз худ кардаанд
Ҳукумати Қирғизистон бо нашри як изҳорот манфиатдор будани Тоқон Мамитов, муовини нахуствазири ин кишвар аз сохтмони роҳи баҳсбарангезро, ки яке аз иллатҳои тирпаронии 11 январ гуфта мешавад, рад кардаву онро иғвоангезона хондааст.
Дар ин изҳороти дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон, аз ҷумла таъкид шудааст, “Мамитов ба сохтмони ин роҳи баҳбарангез ҳеч гуна рабте надорад ва гуфтаҳои Аркадий Лозинов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ки дар бархе аз расонаҳои хабарӣ бозтоб шудаанд, беасос мебошад.”
Мақомоти қирғиз гуфтаанд, муаллифони ин гуна матолиб Бишкекро дар он муттаҳам кардаанд, ки мароторияи иҷрои сохтмон дар манотиқи марзиро вайрон карда, бо ёфтани сармояҳои хориҷӣ корҳо дар манотиқи баҳсбарангезро оғоз кардаанд: “Аммо ин қарордоди мо бо Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ барои сармоягузории бархе сохтмонҳо, аз ҷумла роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфана ҳанӯз солҳои 2009 сурат гирифта буд.”
Ба гуфтаи онҳо, гӯиё ягон сохтмони роҳи мошингарди ба нақшагирифтаи Қирғизистон аз манотиқи баҳсбарангез убур нахоҳад кард, ба ҷуз қисмати аз 248,6 то 271,59 километрии роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфана, ки 275 метри он тавассути минтақаи баҳсӣ мегузарад: “Дар ин бобат низ тибқи тавофуқи ҳукумати Қирғизистон бо Тоҷикистон, ҷонибҳо ҳалли ин қазияро ба зимма гирифтаанд.”
Вале ҳукумати Қирғизистон дар идома гуфтааст, ин ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки борҳо мароторияи мазкурро нақз мекунад. Дар ин бора мақомоти Бишкек мисол оварда гуфтаанд, солҳои охир бахши роҳи Куктош-Ортобози вилояти Бодканд аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон азхуд карда шуда, манозили истиқоматӣ дар онҷо бунёд гардидааст. “Инчунин дар деҳаи Қизил-Жери ноҳияи Лейлак тоҷикон ба таври ғайриқонунӣ масҷид бунёд карда, то августи соли 2013 9 чоҳи нафту гази марбут ба Қирғизистон дар маҳҳали Катта-Туз аз сӯи Тоҷикистон идора ва истифода мешуд”,-омадааст дар изҳороти ҳукумати Қирғизистон. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)