Фоҷиаи миллат. Омилҳои узбакшавии тоҷикони Узбакистон чист?
Саиди САЪДӢ
Дар соли 1924 бо дасисаи пантуркистон ва сиёсати тоҷикситезии давлати импературии Русия марзбандии беадолатона сурат гирифта, дар таъини сарнавишти сиёсии миллат нақши манфӣ бозид. Дар соли 1926 ин ду ишғолгарони собиқ сарзамини Хуросони шимолӣ дар ҳаққи тоҷикон боз як ҷинояти муҳиме содир карданд: дар ин сол 70 дарсади аҳолии яке аз марказҳои қадимаи маданияти тоҷикон – Самарқанду Бухоро ва чанд навоҳии дигари тоҷикнишинро дар аснод узбак навиштанд.
Дар ҳуҷҷатҳо узбак навиштани тоҷикон дар солҳои баъд низ идома дошт. Ҳоло тахминан 90 дарсади мардуми Самарқанд, Бухоро ва дигар навоҳӣ дар асноду шиносномаҳо узбак қайд шудаанд. То охири солҳои сиюми садаи бистум маориф ва дабиристонҳо низ ба забони форсии тоҷикӣ хеле кам буданд. Бо кӯшиши фидокоронаи баъзе миллатпарастони тоҷик, ки дар он солҳо дар сари мансаби ҳукумати Тоҷикистон буданд (мисли Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов) теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар Узбакистон афзуд. То охири солҳои чилум тахминан 85 дарсади тоҷикони Узбакистон ба забони модарӣ дар дабиристонҳо таҳсил мекарданд.
Вале аз охири солҳои чилуми асри бистум теъдоди мактабҳои тоҷикӣ кам шудан гирифтанд. Дар ҳар даҳсола аз солҳои панҷоҳум оғоз карда ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳрҳо тахминан дар баъзе маҳалҳо 5 дарсад ва дар баъзе дигар 10 дарсад коҳиш меёфтанд. Ба ин рӯйдоди нохуши зиддитоҷикӣ на худи миллати тоҷик эътибор медоду на давлати абарқудрати Шӯравӣ. Чунин вонамуд мекарданд, ки дар кишвари Шӯравӣ ҳамаи миллатҳо бо ҳам дӯстона зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи масоили миллӣ кайҳо ҳал шудаанд. Ҳама осудаҳолона умр ба сар мебаранд, кулли миллатҳо хушбахтанд. Ҳамаи миллатҳо баробаранд, дар ҳаққи онҳо адолату инсоф ҳукмрон аст.
Режими мустабиди давлати абарқудрат, ки аз демократия, озодии сухан ва озодии инсон фарсахҳо дур буд, тоҷики бечора ҳаққу имконият надошт, ки аз поймол шудани ҳуқуқу манофеи миллии худ садои эътироз баланд кунад. Зеро дар ин сурат ӯро ба миллатгароӣ муттаҳам мекарданд ва ба маҳкама ҳам шояд мекашиданд. Ҳамин тариқ, аз охири солҳои чилум то поёни солҳои 80-ум дар бисёр навоҳии Узбакистон миқдори дабиристонҳои тоҷикӣ аз 85-90 дарсади солҳои чилум ба 50 дарсад кам шуданд. Вазъият дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-и қарни бистум хеле тағйир ёфт. Дар ин солҳо ба туфайли сиёсати демократӣ ва ошкорбаёнии роҳбари давлати Шӯравӣ Горбачев теъдоди мактабу синфҳои тоҷикӣ хеле афзуд. Албатта, ин раванди мусбат худ аз худ ба вуҷуд наомадааст. Ашхоси ватандӯсти миллат дар ин ҷода хеле аз худ кору пайкор ва фидокорӣ нишон доданд.
Масалан, дар Самарқанд дар он айём дар баъзе мактабҳое, ки ҳанӯз дар охири солҳои чилум ва аввали солҳои панҷоҳум ба забони узбакӣ баргардонда шуда буданд, боз аз нав синфҳои тоҷикӣ дари худро ба рӯи донишомӯзон боз карданд. Аз ҷумлаи онҳо мактаби рақами 10 дар маҳаллаҳои Чорраҳа ва Хуҷандиён, дар мактаби рақами 21 дар маҳаллаҳои Даҳбедӣ, Шарбатдорон ва Қаробой Оқсаққол, дар мактаби рақами 27 дар маҳаллаҳои Зоминӣ, Ёминӣ ва Мирзо Пӯлод, дар мактаби рақами 9 дар маҳаллаҳои Девори Кӯндаланг, Масҷиди Зангӯладор ва Қайра дар қисмати шаҳри кӯҳнаи Самарқанд теъдоди дабиристонҳои тоҷикӣ зиёд шуданд. Ин гуна дигаргуниҳо дар бахши маорифи форсӣ дар деҳоти вилоят низ ба амал омаданд.
Ин ҳама пешрафтҳои чашмгир дар соҳаи маорифу фарҳанги тоҷикон аз боло рафтани шуури худшиносии миллии мардум далолат медод. Аммо баъд аз эълон шудани истиқлолияти ҷумҳурӣ дар соли 1991 ва хусусан ба мақоми давлатӣ (с.1990) расидани забони узбакӣ аз аввали солҳои 90 теъдоди мактабу синфхонаҳои тоҷикӣ сол ба сол коҳиш ёфтан дорад. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳрҳои бостонии тоҷикнишини Самарқанду Бухоро ягон синфи тоҷикӣ вуҷуд надорад. Дар дигар шаҳру навоҳии тоҷикнишин аҳвол ҳамин гуна аст. Масалан, тибқи маълумот дар ноҳияи тоҷикнишини Нурато мактаби тоҷикӣ қариб ба нестӣ расидааст ва ҳол он ки ду-се даҳсола пеш дар ин ноҳия чанд дабиристонҳои форсӣ-тоҷикӣ арзи вуҷуд доштанд.
Вазъият дар вилояти Сурхондарё андак беҳтар аст. Дар ин ҷо бисёр мактабҳо тоҷикӣ нигоҳ дошта шудаанд. Дар ин вилоят низ дар бархе аз маҳаллоту рустоҳо мактаби тоҷикӣ аз ибтидо вуҷуд надоштанд, баъзеашон баъдан баста шуданд. Мутобиқи гузоришҳо танҳо дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ягон мактаби тоҷикӣ баста нашудааст. Ҳамаи сӯхиён ба забони модарӣ таҳсил мекунанд. Дар деҳоти вилояти Самарқанд низ тақрибан 10 дабиристони соф тоҷикӣ ва 15-18 мактаби омехтаи тоҷикӣ ва узбакӣ вуҷуд дорад. Лекин агар ҳоли ҳозир ва оянда дар ин соҳа мубориза ва талоше сурат напазирад, хавфи боз ҳам кам шудан ва дар охир нест шудани мактабу классҳои тоҷикӣ ба миён хоҳад омад.
Як сабаби коҳиши дабиристонҳои тоҷикӣ дар Узбакистон чунонки дар боло низ зикр кардем, ба мақоми давлатӣ бардошта шудани забони узбакист. Дар байни мардуми авом дар бораи забони давлатӣ чунин ақида пайдо шуд, ки гӯиё дар ҳама ҷой, дар кулли риштаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданияти кишвар забони узбакӣ истифода шуда, забонҳои дигар, аз ҷумла форсии тоҷикӣ дигар корбурд намешавад. Чунин фикри ғалат дар натиҷаи ноогоҳии халқ аз қонуни забони давлатӣ ҳосил шудааст. Ва ҳол он ки дар қонуни забони давлатӣ мақому ҳуқуқи забонҳои ғайр, ки дар ҷумҳурӣ роиҷ ҳастанд, мушаххас шудааст.
Аз 24 моддаи қонуни забон дар 17-18-тои он роҷеъ ба забонҳои миллии халқҳои сокини ҷумҳурӣ сухан рафтааст. Пас дар ин ҷо гуноҳи рӯшанфикрон, алалхусус, омӯзгорон аст, ки ба мардум мазмуну моҳияти қонуни забони давлатиро дуруст тавзеҳ надодаанд. Боз як сабаби ҷузъии ин рӯйдоди манфӣ камбуди китобҳои дарсӣ дар мактабҳо мебошад. Қабл аз истиқлолияти Узбакистон китобҳои таълимӣ барои дабиристонҳои тоҷикии ин кишвар дар Душанбе чоп мешуд. Баъди истиқлолият ин анъана барҳам хӯрд. Нашри китобҳои дарсии форсӣ-тоҷикӣ ба дӯши худи ҷумҳурӣ гузошта шуд. Бисёр китобҳои дарсиро лозим шуд, ки аз нав тарҷума кунанд ё ки олимони кишвар худ таълиф намоянд. Ин амал албатта, фурсату замони муайян мехост. Ҳамин тариқ бисёр донишомӯзони тоҷик дар муддати 10-15 сол бидуни васоити таълимӣ монданд. Ин ҳам баҳонае шуд барои баъзе падару модарон, муаллимон ва мудирони мактабҳо барои бастани классу дабиристонҳои тоҷикӣ.
(ИДОМА ДОРАД) Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)