Қабул нашудани номзадии Досбол ба ҳайси сафири Қирғизистон дар Душанбе
Парлумони Қирғизистон пешбарии номзадии Нур уулу Досболро ба ҳайси сафири фавқулодаи ин кишвар дар Тоҷикистон қабул накардааст. Аъзои Кумитаи умури хориҷии парлумони Қирғизистон аз нахуствазир ва раисиҷумҳури кишвари худ хостаанд, ба ин мақом шахси дигарро пешниҳод намоянд.
Нур уулу Досбол, доктори илмҳои таърих, раиси собиқи Донишгоҳи миллии Қирғизистон буда, дар Шӯроби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай 66 сол дорад.
Дар пайи ин баҳс намояндагони мардумии қирғиз сафирони худ дар бархе аз кишварҳоро муайян кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Самаргул Одамқулов дар Ҳиндустон, Абдулатиф Ҷумъабоев дар Арабистони Саудӣ, Эрмак Иброҳимов дар Австрия, Асеин Исоев дар Белгия, Асанбек Усмоналиев дар Эрон, Юсуфбек Шарипов дар Қувайт, Мақсад Тентимишов дар Чин ба ҳайси сафири Қирғизистон интихоб шудаанд.
Ин дар ҳолест, қаблан Урмат Саралаев ҳамчун сафири Қирғизистон дар Душанбе ифои вазифа мекард. Вале мақомоти Бишкек дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони қирғизу тоҷик сафири худ дар Душанберо ба ватан хонда, гуфтанд, то ҳалли масоили таниши марзӣ бар нахоҳад гашт.
Тирпаронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз зуҳри 11 январи соли ҷорӣ рух дода, дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Вале ҷониби Қирғизистон низ дар ин масъала кӯтоҳ наомада, ангушти иттиҳомашро болои марзбонҳои тоҷик дароз кард ва бо ирсоли се нота аз Вазоарти умури хориҷӣ хост, то ин қазияро шарҳ диҳад. Бишкек иддао дорад, ки тирпаронӣ аз сӯи марзбонҳои тоҷик оғоз шудааст ва ба ин далел марзашро яктарафа баста, сафирашро низ барои “машварат” боз хондааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)