165 сомонӣ + 140 сомонӣ = “права”-и биометрӣ (ВИДЕО)
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо баргузории нишасти хабарие шаҳодатномаи ронандагии биометриро муаррифӣ намуда, зарурати роҳандозии онро шарҳ дод.
Масъулини ин ниҳод рӯзи 4 март дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтанд, роҳандозии шаҳодатномаҳои биометрӣ бар асоси талаботи Конвенсияи Венаи 1968 “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва тибқи тағйиру иловаҳои вориднамудаи Кумитаи нақлиёти Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад.
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати роҳандозӣ шудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва ба қайдгирии воситаҳои нақлиёти биометрӣ минбаъд онҳо дар маҷмуъ ба системаи ягонаи иттилоотии БДА (ГАИ) ворид шуда, сохтори марказикунонии додани ҳуҷҷатҳо, муайянсозии шахсият дар қаламрави ҷумҳурӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо муайян карда мешавад.
Ба иттилои Маҳмадсаид Саидов, сардори Раёсати бозрасии адвлатии атомобилии Тоҷикистон, ин навъи шаҳодатномаҳо дорои 10 дараҷаи муҳофизатӣ буда, аз маводе омода мешавад, ки ҳаргиз фарсуда нахоҳад шуд. Ӯ афзуд, ҳуҷҷати ронандагии биометрӣ бо ду забон -- тоҷикӣ ва англисӣ -- таҳия шуда, ин санад дар тамоми кишварҳое, ки узви Конвенсияи Вена мебошанд, ба кор меояд. "Марказҳои минтақавӣ дар шаҳрҳои бузурги Русия барои додани шаҳодатномаи ронандагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон боз мешавад",-илова кард ӯ.
Вай инчунин гуфт, бар асоси нархномае, ки аз сӯи Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, сокинон барои дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ 165 сомонӣ ва барои муоинаи техникӣ 140 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Дар ин нишасти хабарӣ муовини вазири умури дохилии Қирғизистон ҳам иштирок дошт ва ба қавли мақомот қирғизҳо барои таҷрибаандӯзии “Шаҳри бехатар” ба инҷо омадаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)