Нахустин мусалмони ҳиҷобпӯш дар пулиси штати Миннесота
Ҳомиёни ҳуқуқи Амрико аз тасмими пулиси минтақаи шаҳрии Миннеаполис - Сент-Поли иёлати Миннесот истиқбол кардаанд.
Ба навиштаи SFGate, пулис ба як хонуми мусалмон иҷоза додааст, ки бо ҳиҷоб ба кор биёяд. “Мо сардори пулис ва департаменти пулиси Сент-Полро барои фароҳам овардани муҳити хуб ва фазои дӯстӣ барои кормандони мусалмонаш табрик мегӯем”,-изҳор доштааст Лора Сарой, раҳбари шӯъбаи Шӯро оид ба муносибати Амрикову Ислом (CAIR) дар Миннеаполис.
Ба гуфтаи ӯ, “ин тасмим ба теъдоди бештари хонумҳои мусалмон имкон медиҳад, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, ба манфиати ҷомеа кор намоянд”.
Қадр Муҳаммад, нахустин хонуми мусалмон аст, ки бо ҳиҷоб ба ҷои кораш – идораи пулиси Сент-Пол омадааст. Ӯ таҳсилдидаи академияи пулис буда, зимни маросими вижае ба муносибати ба кор омаданаш гуфтааст: “мехоҳам намунаи хубе барои дигарон бошам”.
Ба иттилио манбаъ, Қадри 21-сола, ки дар Сомали ба дунё омадааст, чанд моҳ қабл ба пулиси Сент-Пол барои пайдо намудани ҷои кор муроҷиат намуда, аммо гуфтааст, ҳиҷоб мепӯшад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба пулиси шаҳри Эдмонтон, музофоти Отарио, ки либоси вижаеро барои бонувони мусалмон таҳия кардааст, муроҷиат карда, хоҳиш кардаанд, як намуна аз ин либосро фиристанд. Баъди дарёфти намунаи либос ба муроҷиати Қадр посухи мусбат додаанд.