Чуркин: "Ба Украина бурдани нерӯҳои Русия хоҳиши Янукович буд"
Русия ба қаламрави Қрим бурдани нерӯҳояшро дархости расмии Виктор Янукович гуфтааст.
“Ҳамчун раисҷумҳури қонунанинтихобшудаи Украина Виктор Янукович ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат намуда, хоҳиш намуд, ки барои барқарории қонуният дар қаламрави Украина, нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода шавад”,-гуфтааст Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони миллали муттаҳид зимни ҷаласаи изтирории Шӯрои амниятии ин ниҳод.
Ба навиштаи Утро.ру, Янукович зарурати дахолати низомиро бо он шарҳ додааст, ки “зери таъсири кишварҳои ғарбӣ террор ва хушунат ба таври васеъ анҷом шуда, одамонро барои мавқеъҳои сиёсияшон таъқиб мекунанд”.
“Ҳаводиси Майдон ва ғасби ғайриқонунии ҳокимият ба он оварда расонд, ки Украина дар вартаи як ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифт. Зиндагӣ, амният ва ҳуқуқи одамон махсусан дар ҷанубу ғарб ва Қрим зери хатар аст”,-гуфта шудааст дар муроҷиатномаи Янукович.