Муроҷиати Ҷумъабой Сангинов ба сокинони Бодканду Исфара
Мо ба мардуми минтақаи сарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд муроҷиат карда гуфтанием, ки имрӯз дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ягон мушкил ҷой надорад. Ин нуктаро Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд пас аз музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Ӯ, ки бо телевизионҳои давлатии Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, “мардум бояд ба кору бор ва фаъолияти ҳамарӯзаи худ идома дода, ба кишту кори баҳорӣ машғул шаванду аз имкониятҳое, ки дар ин манотиқ аст, барои зиндагии худ пурра истифода баранд”.
Ҷаноби Сангинов, ки узви ҳайати музокиракунанда аст, мегӯяд, муносибатҳо дар минтақаи марзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд зери назорати мақомоти марказӣ ва маҳаллии тарафҳо қарор дошта, ҳолатҳои ғайриинтизори фавқуллода ҷой надорад.
Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон, ки ҳайати музокиракунандаи ин кишварро раҳбарӣ мекунад, дар суҳбат ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, “мо имрӯз нуқтаҳои пайванди манфиатҳои ду ҷонибро ҷустуҷӯ кардем, на ихтилофи назарҳоро. Ман хурсандам, ки ин нуқтаҳои пайвандро пайдо кардем”. Ба қавли Мамитов мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нурӯҳои марзбонии ду ҷониб вазифадор шудаанд, барои ба эътидол овардани вазъ бо мақомоти маҳаллии манотиқи сарҳадӣ талошҳо ба харҷ диҳанд.
Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз, 3 март дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ҷонибҳо масоили марбут ба сохтмони роҳ, истифодаи роҳҳои мошингарди наздимарзӣ, тарҳи Созишнома дар бораи бунёди якҷояи ду пул ва роҳҳои назди онҳо, зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ба анҷом расонидани ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ, мақомоти умури дохилӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия доир ба посдории сулҳ ва таъмини суботу тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлатро ба баррасӣ гирифтаанд.
Даври навбатии музокирот қарор аст, охири моҳи марти соли равон баргузор шавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)