Туркия дар бунёди бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ кӯмак мекунад
Вазорат дар умури дини Туркия барои бунёди бузургтарин масҷид дар Осиёи Миёна кӯмак мерасонад.
Ин масҷид дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон сохта мешавад,-навиштааст islamnews.ru.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони ибодатгоҳи мазкур бо баландии 70 метр моҳи марти соли 2012 оғоз шуда буд ва ҳоло дар ҳоли анҷомёбист. Масҷид 1300 метри мураббаъ масоҳат дошта, чор манора хоҳад дошт, ки дутои он қариб бунёд шудааст.
Маҷмаа дорои истгоҳи мошинҳо буда, дар як вақт то 800 нақлиётро қабул карда метавонад.
Интизор меравад, масҷид соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.