VIDEO: Интернет -- роҳи осону бе дарди миён барои “ситора” шудан?
Интернет кори онҳоеро, ки мехоҳанд хеле зуд ситора шаванд, беҳад осон кардааст. Леди Гага, хонандаи булаҷаби амрикоӣ, барои маъруфияташ 80 дарсад бояд аз интернет сипосгузор бошад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам барои маъруф шудан аз интернет зиёд истифода мекунанд. Боймурод Оллоҳбердиев, мулаққаб ба “Ҷимии тоҷик” танҳо баъд аз он маъруф гардид, ки як дӯсташ навори сурудхонии ӯро дар интернет ҷой дод. Баъд аз ин Боймурод сатилбадаст қариб тамоми қаламрави Русияро гашт ва дар тамоми шоу-барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ “Ҷими-ҷими” хонд.
Аммо баъзеҳое, ки мисли “Ҷимии тоҷик” ҳунари сатилро доира кардану бо садои худ суруд хонданро надоранд, роҳи дигарро пайдо кардаанд: фонограмма. Ҳоло интернет моломоли чунин сабтҳост, аммо барои раддабандии имрӯз танҳо наворҳоеро интихоб кардаем, ки қаҳрамонҳо ё боҳунарона ин корро анҷом додаанд ё тамоман беҳунарона. Ва ҳам зимни рейтингбандӣ теъдоди бинандаҳои наворро низ ба назар гирифтем.
Мақоми чорум насиби гуруҳи ҷавонҳоест, ки тобистони гарму пахтачинӣ илҳомашонро бедор кардааст. Дар шарҳи ин навор навишта шудааст, ки он дар Ҳисор сабт шуда ва қаҳрамонҳояш донишҷӯёнанд. Вақтҳои ахир аз сӯи сохтмончиҳои муҳоҷири тоҷик чанд навор ба интернет роҳ ёфт. Шояд онҳо дарди ғурбат ва кори сангину мушкилии зиёдро бо ҳамин шева мехоҳанд сабук кунанд. Зинаи сеюми рейтинг марбути як чунин навор аст. Агар дар ин сабт амали қаҳрамонҳо як навъ ба “пародия” монанд аст ва ҳам наворбардори он маҳорати чандоне нишон надода, аммо дар видеои дигар иштирокчиён хеле ҷиддиянд. Аз ин лиҳоз он дар мақоми дуюм нишастааст.
Ҷои аввал насиби гуруҳи шашнафаре бо иловаи наворбардор аст, ки ҳам бо ҷиддият ва ҳам аз рӯи теъдоди бинандаҳояш аз он чӣ дидем, пешсаф мебошад. Онро то замони таҳияи гузориш беш аз 47 ҳазору 560 бор дидаанд.