Боздошти 2 нафар ба гумони ғорати омӯзгор дар Панҷакент
Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд омӯзгори мактаби таҳсилоти умумиро ғорат намудаанд.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Раёсати умури дохилии Суғд хабар доданд, ашхоси номаълум сумка (ҷузвдон)-и омӯзгореро, ки дар дохилаш ҳудуди 19 ҳазор сомонӣ ва телефони мобилӣ доштааст, бо зӯрӣ гирифтаанд.
Ин ҳодиса шоми 27 феврали соли равон воқеъ дар наздикии яке аз тарабхонаҳои шаҳри Панҷакент рух дода, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони дуздӣ 2 сокини ҳамин шаҳр боздошт шудаанд. “Феълан нисбат ба М.Т.-и 35-сола ва А.И.-и 39-сола тибқи моддаи 248-и Кодекси ҷиноӣ, яъне дуздӣ, парвандаи ҷиноӣ боз гашта, тафтишот идома дорад”,- афзуд манбаъ.