Зоиров мегӯяд, мардон ба хонаи ӯ "ҳамла" кардаанд, на дафтари ҲСДТ
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо пахши баёнияе ҷузъиёти “ҳамла”-и гурӯҳе аз мардон ба манзилашро шарҳ додааст. Ин ҳамлаи севум дар як моҳи охир аст, ки ба дафтари ҳизб ва хонаи Зоиров сурат мегирад.
Раиси ҲСДТ гуфтааст, инчунин, ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт ариза навишта, таҳқиқи ин ҳодисаро талаб намудааст. “Ин аризаи чоруми ман аст, ки ба мақомоти Вазорати умури дохилӣ месупорам. Аммо то имрӯз ба ягон аризаи худ посух ё қарори дахлдор нагирифтаам”,-афзудааст ӯ.
Ба нақли Зоиров, ҳамлаи мардон ба хонаи ӯ (ин манзил то соли 2010 ба ҳайси дафтари ҲСДТ сабтином шуда будааст) дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки онҳо ягон ҷаласаи сиёсӣ надошта, балки ба истиқболи баҳор ва 120-солагии Акашариф Ҷӯраев сари дастурхон ҷамъ омада буданд. “Дар ҳамин вақт бо фишору таҳдид қариб даҳ “мард”-и супоришгирифта ба манзили истиқоматӣ ворид гашта, Идро ба ҷангу моҷаро табдил доданд”,-мегӯяд Зоиров.
Раҳматилло Зоиров дар идома гуфтааст, ҳатто ҳамлаварон ба куҷо омадану аз кӣ норозӣ будани худро намедонистанд: “Охирин гуруҳи “мардон” вақте ба манзил ворид гаштанд, маълум буд, ному насаби одами лозимиро фаромӯш кардаанд ва саволи аввалашон «кӣ инҷо сардор мебошад?» буд. Вақте худро муаррифӣ карда «чӣ хидмат?» гуфтам, савол шуд, ки “Зоиров Шумо-мӣ?” Албатта, дар ин ҳолат гуфтушунид натиҷа надод ва яке аз роҳбарони ин гуруҳ, варақеро аз ҷайбаш бароварда гуфт, “Зоиров ҷангхоҳ, балоҳои Украинро ба сари Тоҷикистон бор карданист”. Супоришӣ будани ин гуруҳ, бардуруғ ва супориши будани даъвои онҳо ҳоҷати эзоҳ надорад. Аз ҷумла, онҳо худро муаррифӣ карда таъкид карданд, ки як қисмашон аз бозори «Корвон»ва як қисми дигар аз бозори «Султони Кабир» меошанд.”
Даъвогарон гуфтаанд, ки дар бораи ин нишасти Раҳматилло Зоиров “аз интернет фаҳмидаанд”. Дар ҳоле ки ба қавли Зоиров, “ин пурра дурӯғ аст, чунки мо дар ягон ҷой дар бораи гирд омаданамон маълумот надода будем.”
Ҳафтаи гузашта як гуруҳ аз занону мардон ба адфтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Кӯлоб низ ҳамла оварда, хсотанд, то монеи сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолон бишаванд.