Боздошти писари хурдии Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира
Вазорати умури дохилии Миср Абдуллоҳ Мурсӣ, писари хурдии раисиҷумҳури “барканоршуда”-и ин кишварро дар истифода ва нигоҳдории ғайриқонунии маводи ҳашиш муттаҳам мекунад.
Тибқи иттилои Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, ин писари 19-солаи Мурсӣ рӯзи 2 марти соли ҷорӣ ҳамроҳ бо яке аз дустонаш дар шимоли Қоҳира аз сӯи кормандони пулис боздошт ва аз дохили мошини ӯ, гӯиё ду дона ҳашишсигор ёфт шудааст. Ин дар ҳолест, ки Абдуллоҳ Мурсӣ ва рафиқаш - Муҳаммад Имор Абдулмунъим ин иттиҳоми пулисро рад карда, онро туҳмат дар ҳаққи худ медонанд.
Писари Мурсӣ дар мавриди чигуна роҳ ёфтани ин сигорҳо ба мошини ӯ изҳори беиттилоӣ карда, мегӯяд, ӯ ягон бор сигор накашидааст ва мақомот метавонанд, тариқи ташхиси тиббӣ инро муайян созанд. Аз сӯи дигар Усома Мурсӣ, писари дигари Мурсӣ низ ин амалро ҳамлаи навбатии пулис ба хонаводаи раисиҷумҳури “барканоршуда”-и Миср хондааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти додгоҳии шаҳри Қоҳира гуфтааст, Абдуллоҳ Мурсӣ ва Муҳаммад Имор Абдулмунъим то муайян шудани натоиҷи ташхиси тиббӣ раҳо карда шудаанд.
Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шудааст. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканор кардани Мурсӣ ӯро боздошт ва ба ҷойи номуайян интиқол додаанд.