Баҳси сохтмони 2 пул, роҳ ва гузаргоҳҳо миёни ҳайатҳои Душанбеву Бишкек
Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки субҳи 3 март дар Душанбе оғоз ёфта буд, бо имзои протоколе анҷом ёфт.
Муродалӣ Алимардон (Алимардонов), ноиби нахуствазири Тоҷикистон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масоили марбут ба сохтмони роҳ ва истифодаи роҳҳои мошингарди наздимарзиро баррасӣ кардаанд. “Инчунин, музокиракунандагон тарҳи Созишнома дар бораи бунёди якҷояи ду пул ё купрӯк ва роҳҳои назди онҳоро низ баҳс намуданд”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи муовини нахуствазири Тоҷикистон, "ҳамзамон зарурати тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ба анҷом расонидани ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ҳамкории мақомоти сарҳадӣ, мақомоти умури дохилӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия доир ба посдории сулҳ ва таъмини суботу тартиботи ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду давлат қайд карда шуд. Илова бар ин, аз сар гирифтани кори гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ матраҳ гардид.”
Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи мушаххас кардани хатти сарҳад ва ҳалли бӯҳрони марзӣ, ки дар пайи тирпаронии 11 январ ба вуҷуд омад, ҷараён гирифт. Ин ҳайатҳоро Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Тоқон Мамитов раҳбарӣ доранд.
Урмат Саралаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, ки дар пайи тирпаронии рӯзи 11 январ ба Бишкек фаро хонда шуда буд, низ дар ин мулоқот иштирок кард. Вале то ҳол маълум нест, Саралаев ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон хоҳад монд ва ё дар танҳо дар музокироти навбатии Душанбею Бишкек иштирок карда, дубора ба ватанаш бармегардад. Чаро ки мақомоти Қирғизистон ҳангоми фаро хондани Саралаев гуфта буданд, то анҷоми таҳқиқи тирпаронии 11 январ Урмат Саралаев ба Тоҷикистон барнахоҳад гашт.
Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои ду кишвар дар маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара ба сардӣ гароид. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд.
Вале ҷониби Қирғизистон низ дар ин масъала кӯтоҳ наомада, ангушти иттиҳомашро болои марзбонҳои тоҷик дароз кард ва бо ирсоли се нота аз Вазоарти умури хориҷӣ хост, то ин қазияро шарҳ диҳад. Бишкек иддао дорад, ки тирпаронӣ аз сӯи марзбонҳои тоҷик оғоз шудааст ва ба ин далел марзашро яктарафа баста, сафирашро низ барои “машварат” боз хондааст.