Аз номи президент ба занҳо 14 долларӣ медиҳанд
Ба муносибати Рӯзи байналмиллалии занҳо -- 8 март аз номи райиси ҷумҳури Туркманистон дар маросими вижае ба занҳои ин кишвар дар ҳаҷми 40 манат, ҳудуди 14 долларӣ тақдим мешавад.
Бино ба иттилои Turkmenistan.ru, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукумат зери амре имзо гузоштааст, ки дар асоси он аз номи президент ба занҳое, ки дар иттиҳодия, муассиса ва созмонҳо кор мекунанд, ҳамчунин ба бознишастаҳову аспиранту докторантҳо маблағ дода мешавад. Шунавандаҳои курсҳои Академияи хизмати давлатии назди президенти Туркманистон, донишҷӯдухтарон, мактабхонҳо ва тарбиятгирандаҳои боғчаҳо низ аз ин кӯмак бархӯрдор мешаванд.