Оқохони 4 аз Ғарб хост, ба баҳси ду шохаи дини Ислом хотима диҳад
Шоҳ Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон, рӯзи 27 феврал ҳангоми суханронияш дар парлумони Канада аз баҳси миёни аҳли ташшаюъ ва суннимазҳабон изҳори ташвиш карда, аз кишварҳои ғарбӣ хост, то аз идомаи он ҷилавгирӣ кунанд.
Оқохони 4 афзуд, даргирӣ миёни пайравони ду шохаи дини мубини Ислом дар ин авохир авҷ гирифта, бо дахолати нерӯҳои берунӣ он печидатар мешавад. “Вазъият дар Покистон, Малайзия, Ироқ, Сурия, Лубнон, Баҳрайн, Яман, Сомалӣ ва Афғонистон фоҷиаовар мешавад”,-огоҳӣ додааст пешвои исмоилиҳои ҷаҳон.
“Барои хотима бахшидани даргириҳо дар ин кишварҳо, Ғарб бояд ба ҳарду ҷониб - сунниҳо ва шиаҳо гӯш бидиҳад. Зеро ин барои Ғарб муҳимтар аст. Агар ин воқеиятро сарфи назар кунем, пас, бояд муноқишаи чандсад сол қабли протестантҳо ва католикҳои Ирландияро низ нодида гирем. Ё ин ки чӣ гуна ҷанги шаҳрвандии Ирландияро бидуни ширкати католикҳову протестантҳо бояд ҳал кард”,-афзудааст ӯ.
Дар ишора ба буҳрони мазкур Оқохони 4 гуфтааст, чӣ мешуд, агар задухӯрди протестантҳо ва католикҳои Ирландия дар тамоми ҷаҳон миёни насрониён паҳн мегардид, ҳамон тавре ки даргирии сунниҳову шиаҳо дар 9 давлат идома дорад.