Дархости ФСБ аз Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар бораи Маханов
Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ) аз масъулони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дархост кардааст, дар бораи Алимурод Маханов, маъруф ба "устод", ки аз ӯ раҳбари як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ном бурда мешавад, маълумот бидиҳанд. Ин дархост дар ҳоле ирсол шуда, ки Сатторов, яке аз наздикони Маханов, дар Русия ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт ва дар баёноташ аз ӯ ёдоварӣ намудааст.
Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи Алимурод Маханов, ҳарчанд дархости ҷониби Русияро тасдиқ кард, аммо ба далели он ки мурофиаи нафари таҳти ҳимояташ пӯшида мегузарад, аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ намуд. Ӯ танҳо гуфт, ин нома тақрибан чаҳор рӯзи пеш дастраси мақомоти амниятии Тоҷикистон шуда, дар мурофиаи додгоҳӣ онҳоро низ огоҳ кардаанд.
Ба қавли ин вакили мудофеъ, “Алимурод Маханов аз соли 2011 то оғози соли 2013 ба Русия рафта, меомад. Моҳи феврали 2013, бинобар мувофиқ набудани ҳуҷҷатҳояш ба талаботи қонун, ӯро аз қаламрави ин кишвар хориҷ кардаанд.”
Алимурод Маханов ва чанде аз ҳамроҳони ӯ дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе аз иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.
Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳоеро анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ низ ёфт шудааст.
Умед Бобоҷонов, вакили мудофеи Маханов, мегӯяд, рӯзи панҷуми марти соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баромади айбдоркунандаи давлатӣ ва вакилони дифоъ шунида хоҳад шуд. Дар ҷараёни тафтишот Алимурод Маханов худро қисман гунаҳкор дониста буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)