Эълони имтиёзҳои Маркази миллии тестӣ барои ятимон
Масъулони Маркази миллии тестӣ дар назди раисиҷумҳури Тоҷикистон довталабонеро, ки аз падару модар маҳруманд, аз пардохти 150 сомонӣ ҳаққи ин марказ озод кардааст. Ситорабону Назарова, масъули дафтари матбуоти Маркази миллии тестӣ, ба “Озодагон” гуфт, “онҳое, ки падар ё модарашонро аз даст додаанд, танҳо 50 дарсад аз маблағи муқарраршударо пардохт хоҳанд кард.”
“Қарори мазкур ҳангоми бақайдгирии довталабон дар сурати пешниҳоди нусхаи асли ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки мақомоти давлатии ваколатдор додааст, аз ҷониби Маркази милии тестии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба инобат гирифта мешавад”,-афзуд ӯ. Феълан барои сабтиноми довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар Бадахшон 1 нуқта таъсис дода шудааст.
Қарор аст, сабти довталабон аз 1 март оғоз шуда, то нимаҳои моҳи апрел идома кунад. Қаблан масъулони ин марказ эълон карданд, ки довталабон аввал 150 сомонӣ ҳаққи ин марказро дар бонки давлатии “Амонатбонк” супорида, сипас ҳуҷҷатҳояшонро барои қабул хоҳанд дод. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)